Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба истиқбол намудани ҷашни 30-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯз 05 ноябри соли 2024 дар толори бинои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба истиқбол намудани ҷашни 30-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Маҷлиси тантанавӣ ба ин ҷашни миллӣ бо ворид намудани Парҷами давлатӣ ва озод хондани Суруди Миллӣ оғоз карда шуд.

Қабл аз ҳама роҳбарияти суд дар хусуси ин санаи таърихӣ, ки ба низоми нави давлатдорӣ оғоз бахшида, муносибатҳои ҷадиди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар кишварамон поягузорӣ кардааст сухан гуфта, кормандони судро бо таҷлили ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуд. Сипас судя Саидзода Ю.М., кормандони дастгоҳи суд Бурҳониён А.О. ва Воҳидов Қ.А. дар маҷлиси тантанавӣ дар мавзӯъҳои мухталиф бахшида ба 30-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар пешрафти давлатдории миллӣ баромад намуданд.

Дар баробари ин, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд доир ба 30-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои телевизиони вилоятӣ ва радиои маҳаллӣ баромаду сӯҳбатҳо баргузор намуда, дар маҷаллаи Ҳақиқати Суғд ду адад мақола таҳти унвони “Конститутсия- қонуни асосии давлат ва ҷомеа” ва “Шиносномаи миллӣ” ба нашр расонида шудааст.