Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯз 04 сентябри соли 2025 дар толори бинои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба истиқбол намудани ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Маҷлиси тантанавӣ бо озод хондани Суруди Миллӣ оғоз карда шуд.

Қабл аз ҳама роҳбарияти суд дар хусуси ин санаи таърихӣ, моҳияти истиқлолияту озодӣ, нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузорӣ ва таҳкими давлатдории милливу эъмори давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфта, кормандони судро бо таҷлили ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуд.

Сипас судяҳо Саидзода Юсуф Мусо, Ҷамолзода Ганҷина Ҷамол, кормандони дастгоҳи суд Бурҳониён Абдумуталиб Одилҷон ва Воҳидов Субҳонҷон дар маҷлиси тантанавӣ дар мавзӯъҳои мухталиф бахшида ба аҳмияту моҳияти истиқлолияти давлатӣ, нақши он дар пешрафти давлатдории миллӣ баромад намуданд.