МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ СУДИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯИ ОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

4 июли соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти суди вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.

Изображение WhatsApp 2025-07-04 в 20.38.40_39f3013a.jpgИзображение WhatsApp 2025-07-04 в 20.38.40_e0e84689.jpgИзображение WhatsApp 2025-07-04 в 20.38.44_15168c39.jpg

Дар маҷлис Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., раис ва муовинони раиси суди вилояти Суғд, роҳбарони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва судяҳо, аз он ҷумла раис, муовинон ва судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.

Изображение WhatsApp 2025-07-04 в 20.39.30_721e6034.jpg

Маҷлисро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Р.П. ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ ба масоили марбут ба татбиқи босамари адолати судӣ, риояи қонуният, таҳкими интизоми хизматӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии судяҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Ӯ таъкид намуд, ки фаъолияти судҳо бояд ба эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини адолат асос ёбад.