Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.

Санаи 26 ноябри соли 2024 Судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зиёзода Маҳмадулло Ҳасан, Маҳмадхонзода Зафар Маҳмадхон ва Ёрдамиии Раиси суд Мазбудзода Муин дар толорҳои маҷлисгоҳи Гимназияи 1 Ҷамоати шаҳраки Ғафуров бо омӯзгорон ва сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба  “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва пешгири ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта вохӯри баргузор гардид.