Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон
Санаи 09 октябри соли 2024 Судяҳои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҳмадхонзода Зафар Маҳмадхон ва Ҳомидзода Умедҷон Абдувоҳидӣ дар толорҳои маҷлисгоҳи Гимназияи Нур Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва пешгири ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта вохӯри баргузор гардид.