Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.

Санаи 08 майи соли 2024 Муовини якуми Раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ғайбулозода Ф.М., судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зиёзода М.Ҳ. дар толорҳои маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва пешгири ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта вохӯри баргузор гардид.