Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон
Санаи 23 апрели соли 2025 раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сангинзода Ғайрат ва котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Бурҳониён Абдумуталиб дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати шаҳраки Ғафуров бо кормандони масъули Ҷамоати шаҳраки Ғафуров вохӯрӣ гузаронида, доир ба мавзӯи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва бекор кардани ақди никоҳ баромад намуданд.