Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Санаи 17 апрели соли 2025 раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сангинзода Ғайрат ва судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷамолзода Ганҷина Ҷамол дар толори маҷлисгоҳи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умуммии №7 ва №55 Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаҳо вохӯрӣ гузаронида, доир ба мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва пешгири ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта баромад намуданд.