КОНСТИТУТСИЯ-САҲИФАИ ДУРАХШОНИ ТАЪРИХ

Шашуми ноябри соли равон мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 солагии Конститутсияи ҷумҳуриро ҷашн мегиранд. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат буда, бо мақсади бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ қабул шуда буд. Қабули конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихии даврони Истиқололият ба шумор рафта, рӯйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқлолияти давлтии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт.

Қобули Конститутсия на танҳо дар пайдоиши усулу падидаҳои гуногун демократӣ дар кишвари соҳибистиқололамон заминаҳои ҳуқуқӣ гузошт, балки рушду равнақ ва таъмини онҳоро кафолат дод. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муассир дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд. Дар қонуни асосии мо ин масъалаҳо бо назардошти хусусиятҳои сиёсиву иқтисодӣ, ичтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, милливу таърихӣ ва анъанаву суннатҳои мардуми кишварамон дарҷ ёфтааст. Аз ин ҷиҳат Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст.

Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба қабули Конститутсия, ки илҳомбахш ва асосгузори бевоситаи он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва бори нахуст эълон намудани муқаррарот дар бораи амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ дар асоси моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақил асос гузошт.

Конститутсия заминаҳои асосии сохторӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба роқабати озодӣ сиёсӣ ва муколама иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои гузоштани ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити созгор фароҳам овард. Дар ин радиф, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намудаанд, ки “Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, ки ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем”.

Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуда, бевосита дар моддаи 9 Конститутсия қайд шудааст, ки ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷзияи он ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Дар ин замина дар Конститутсияи кишвар вазифа ва мақсаду мароми ҳокимияти судӣ, принсипҳои ба амал баровардани адолати судӣ, тарбиби таъину озод ва мӯҳлати ваколати судяҳо муайян карда шуд. Аз ин муқаррароти Конститутсия бармеояд, ки дар ниҳоят адолати судӣ ва дар маҷмуъ, адолати иҷтимоиро суд ба амал мебарорад. Ин аз ҷониби судяҳо ва судҳо бо роҳи ҳаллу фасли парвандаҳо дар мурофиаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва баррасии парвандаҳои маъмурӣ татбиқ карда мешавад.

Имрӯз бо иродаи қавӣ гуфта метавонем, ки Конститутсия барои рушду такомули далату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дорад.

 

Судяи суди ноҳияи Бобоҷон

Ғафурови вилояти Суғд                                                  Саломзода Ҷумахон Ҷурахон