Конститутсия бахтномаи миллат.
Таърих гувох аст, ки Конститутсияи имрузаи давлати сохибихтиёри Точикистон дар вазъияти номуташаничи сиёсӣ қабул карда шудааст. Агар ба таърихи Конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем ба мо маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон то ба имруз панҷ маротиба Конститутсия қабул карда шудааст. Аммо дар таърихи тоҷикон Конститутсияи имрузамалкунанда Конститутсияе мебошад, ки Тоҷикистонро давлати сохибихтиёр, демократи, хукукбунёд, дунявӣ, ягона ва ичтимоӣ эълон кард.
Мохи ноябри соли 1992 дар Ҷумхурии Тоҷикистон Иҷлосияи таърихсоз баргузор гардид. Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав пас аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз гардид. Дар Иҷлосияи мазкур Карор “Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми августи соли 1990 “Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки дар асоси он Комиссияи конститутсионӣ тахти сарварии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар он вақт вазифаи мазкурро Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доштанд), таъсис ёфт. Моҳи ноябри соли 1993 Президенти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба тахияи лоиҳаи Конститутсияи нав ташкил намуд. Ба ҳайати ин гурӯҳи корӣ олимон, кормандони амалӣ ва коршиносон шомил карда шуданд. Дар давоми шаш моҳ гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи конститутсияро пешниҳод намуд. Тибки лоиҳаи аввал тарзи идоракунии ҶумҳурииТоҷикистон шакли парлумонӣ ва лоиҳаи дуюм ба тарзи идоракунии президентӣ бахшида шуда буд. Комиссияи конститутсионӣ дар натиҷаи муҳокима лоиҳаи Конститутсияро, ки шакли идоракунии президентиро ҳимоя мекунад маъқул дониста онро ба муҳокимаи халқ пешниҳод намуд. Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон тибқи Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми апрели соли 1994 ба мухокимаи умумихалкӣ тавсия гардид.