Конфренсияи байналмилалӣ
4 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Мақоми занон-судяҳо дар таъмини адолати судӣ ва баробарии гендерӣ дар низоми судӣ» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ғайбуллозода Фирӯза Мирзовалӣ иштирок карданд.
Ифтитоҳи ҳамоишро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки конференсияи мазкур чорабинии нахустине мебошад, ки дар он занон-судяҳо аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ барои муҳокимаи масоили баланд бардоштани иқтидори занон-судяҳо, роҳҳои афзоиши теъдоди судяҳо аз ҳисоби занон ва таъмини дастрасии занон-ҷабрдидагони зӯроварии гендерӣ ба адолати судӣ ҷамъ омаданд.
Дар идома намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бухоризода С.М., Алянси занон-вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Б., Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари бахши ченаки инсонии Дафтари САҲА дар Душанбе, намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон ва ноиб-президенти Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон фикру андешаҳои худро дар бораи аҳаммияти таъмини баробарии гендерӣ ва мақоми занон-судяҳо дар таъмини адолати судӣ баён карданд.
Дар чорабинӣ намояндагони Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва адлия, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок карданд.
Конференсия бо ташаббуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияӣ миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва муҳокимаи масоили баланд бардоштани нақши занон-судяҳо дар таъмини дастрасии инсон ва шаҳрванд ба ҳифзи судӣ, бартараф сохтани қолабҳои гендерӣ, ҳамчунин рафъи монеаҳои фарқангию иҷтимоӣ, ки занон-судяҳо ба он рӯ ба рӯ мешаванд ва тадбирҳо дар самти барои онҳо фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ баргузор гардид.