Истиқлолият – Рамзи Олии Ватану Ватандорӣ

Истиқлолият – ин нишонаи ҳастӣ, шарти бақои давлати соҳибихтиёр, расми саодати миллат, ҳуввият, озодӣ, шарафу ифтихори халқи тоҷик аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 09 сентябри соли 2023, 32 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирад. Мардуми тоҷик ин солгарди Истиқлолро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҷашн хоҳад гирифт. Истиқлолият пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки сиву ду сол муқаддам муҳимтарин падидаи таърихи сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин воқеаи пурсаодат санаи 09 сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Минбаъд ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашнӣ муқаддас ба ҳисоб меравад.

Тамоми ҳамватанони кишвари соҳибистиқлоли мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву ду сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории милли худро ниҳода аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Дар таҳкими Иқтиқлоли тоҷикон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши назаррас дар ташаккул ва таҳкими пойдевори аввалин давлатии милли дунявии тоҷикон нақши калидӣ доранд.

Санаи 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи он кас иртиботи ҳамаҷониба дорад. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосҳои сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор гардид ва Тоҷикистон ба масири сулҳу субот, рушди бемайлони иқтисодӣ, афзоиши некуаҳволии мардуми кишвар баромад.

Дар таърихи навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаҳрамонии худ баҳри саодати миллат аллакай ҷойгоҳи худро пайдо намудаанд. Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯз бидуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст. Дар аввали буҳроне, ки ба сари миллати тоҷик омад, яъне ҷанги шаҳрвандӣ дар назар дошта мешавад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба дасти худ гирифта буданд ва ҳамчун як фарзанди тоҷик тавонистанд, ки миллати тоҷикро аз ин буҳрон раҳо бахшанд. Дар ҳамон давр миллати тоҷик дар интихоби худ, яъне интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат хато накарда буд.

Бинобар ин, чӣ тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкин доштанд – “Ватандӯстӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан бахти аз он болотар аст”.

Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди баруманди халқ Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунончи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд – “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”. Миллати азиятдидаи тоҷик барои таҳкими истиқлолият, нигаҳдошти якпорчаи марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсия мамлакатро қабул кард. Агар гӯем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоффаро расид, хато нахоҳем кард. Зеро барои расидан ба сулҳи кул ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсияи ҳама тарафа ва такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд. Барои ин якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми ҳалқ нишонаи эътирофи Ҳукмати қонуниро дошт, ки акнун ду сол мешуд, бо сарвари фарзанди вафодори миллат Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарӯзӣ мебурданд. Кафолати зиндагии осуда ва хурраму – озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин намояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнатӣ софдилонаю бунёдкорона аст. Пас аз кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзи, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Констутутсия муайян гардидааст. Кафили Конститутсия бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои натанҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Дар ин анҷом ҳаминро мехоҳам қайд намоям, ки дар баробари соҳиб гардидани Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ вазифаи ҳар яки мо васеъ гардида, ба мо муяссар шуд, ки кишвари азизамон ба сӯи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор гузорад. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари озод эътироф шудааст, мо шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст, фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистон навин саҳм бигузорему бо исми миллати худ ифтихор намоем. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик хушбахтист ва танҳо бо роҳи ваҳдат ва меҳнати ҳалол метавонем, ватани азимазамонро ободу зебо гардонем. Ин ҳадафҳо танҳо ба воситаи илму дониш, ақлу заковат ва меҳнатдӯстӣ муяссар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри падидаи нодири таърихӣ расем, зеро Истиқлолият барои ҳар як фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ меоварад.

Ҳамчунин ҳар як фарди бонангу номусро зарур аст, ки ба қадри ҳар як қатра обу ҳар як зарра хоки ин зарзамини аҷдодӣ, ба қадри неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, ба қадри ин шоҳкориҳои азими аср бирасанд, Ватанро дӯст доранд, худшиносу худогоҳ бошанд.

Поянда бод Истиқлолияти давлати тоҷикон!

 

Котиби маҷлиси судии суди

ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

Бурҳонов Абдумуталиб Одилҷонович