ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намуданд, ки Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад,яъне низоми давлатдорӣ ва сиёси дохиливу хориҷии худро мустқилона муайян менамояд. Истиқлолият нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлатӣ тиҷик мебошад. Воқеан Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифати нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлатӣ мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузашт.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияии ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати даҳум муроқот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд. Ҳамакнун аз ин санаи муҳими тарърихӣ 30 сол сипарӣ гашт.
Аз ин ҷост, ки ба шарофати мустақилияти халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохторҳои Конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлатӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд, яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неъруҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи сарҳади давлатӣ таҳти назоратӣ онҳо қарор дода шуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон пас аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар сатҳи пасти тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва теникию технологӣ қарор дошт. Аз ин рӯ Ҳукумати кишвар бо саъю талошҳои пайваста барои бартараф намудани буҳрони фарогир барномаҳои мақсаднокро тариқи мӯътадилгардонии вазъи микроиқтисодӣ ва рушди воқеии сохторҳои иқтисодӣ пай дар пай амалӣ намуд.
Чи хуш аст, ки имрӯз кишвари мо ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти иҷтимоиву иҷтисодӣ ворид гардидааст. Вазифаҳои асосии ин давраи рушди Тоҷикистон, ки аз вусъати пайгиронаи ислоҳот, рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ тадриҷан паст кардани сатҳи камбизоати ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми кишвар иборат буд, ҳалли хешро ёфт.
Алҳол мо дар остонаи 30-солагии истиқболи Истиқлолият ҳастем, ва хушбахтона Ҳукумати кишвар дар пайи созандагист, ва дар ин марҳилаи ҳассосу эҳсос аз таърих дар беҳтар намудани ҳаёти маънавӣ гуштаришҳоро сайқал медиҳад.
Яъне имрӯз Тоҷикистон ҳадафи дигаргунии авҷи иқтисодиву иҷтимоиро дорад, зеро толиби ин эҷоди мактаби давлатдорӣ толиби тавсеа ва пешрафт аст. Агар ба таърихи навин бинигарем, таи 30 соли Истиқлолияти Тоҷикистон ҳамеша дар таъсири ҳар гуна дахолат қарор дошт ва хушбахтона, ҳама тафриқаву тафовут ба нобудӣ расидаанд. Истиқлоли давлатии мо, ки 30 сол қабл насиби миллат гашт, имрӯз посухҳову ниёзҳо надоранд. Ин истиқлол дастоварди миллат аст ва эътироми он муҳим аст. Имрӯз дар таҳкими комили аҳкоми истиқлолияти давлатии тоҷикон, ки миёни онҳо ҳам атеисту ҳам диндор ҳастанд, бояд ваҳдати миллӣ чун армони милли мисли гавҳараки чашм ҳифз карда шаванд.
Ҳамзамон, дар даврони истиқлолият узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидани Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳои самар бахши иқтисодӣ ва робитаҳои дипломатӣ бо бисёр кишварҳои ҷаҳон далели эътироф гардидани кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Саодатманд аз он ҳастем, ки ба шарофати роҳи интихобкардаамон имрӯз олам кишвари моро ҳамчун ҷонибдори устувори равандҳои ҳамгироии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманду баробарманфиати иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву гуминитарӣ ва таъмину таҳкими сулҳу субот дар ҳамаи садҳо – миллӣ, минтақавӣ ва гулобалӣ мешиносад.
Агар ба таври хулоса баён намоем, нишонаҳои даврони Истиқлолият дар тамоми соҳаи ҳаёти одамон мушоҳида мешаванд. Вазифаи аввалиндараҷаи мост, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшида, номбардори миллати деринсол ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошем. Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободии Ватан мисли ангуштҳои якдаст, гулҳои як боғ, фарзандони як модар ҳарчи бештар заҳмат кашида Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем, аз миллати соҳибистиқлолу соҳибтамаддуни худ ифтихор дорем.
Раҳимзода Зарина Абдухолиқ
Иҷрокунандаи вазифаи
Раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров