Ҷиҳати пешгирии хуруҷи дубораи бемории сирояти коронавирус (COVID-19)

Ситоди дохилиидоравии суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати пешгирии хуруҷи дубораи бемории сирояти коронавирус (COVID-19) гирду атроф ва дохили бинои суд, роҳравҳо ва утоқҳои кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо маҳлули хлордор пурра безарар (дизинфексия) карда шуда истодааст.

Дар баробари ин, миқдори зарурии маҳлули хлор, маводи дезинфексионӣ (антисептикҳо), маводи шӯянда ва спирти тиббӣ дар суд захира карда, дар бинои навбатдоории даромадгоҳи суд ҳароратсанҷӣ навъи “Деко” гузошта шудааст.

Дар даромадгоҳи асосии суд латтаи бо маҳлули хлордор таркардашуда партофта шуда, он мунтазам иваз карда мешавад. Дар даромадгоҳи асосӣ дар ду адад зарфҳои калони обдор ва мунтазам ду адад собуни моеъ гузошта шуда, шаҳрвандон пеш аз ба бинои суд даромадан ҳатман бо истифода аз собунҳои моеъ дастонашонро шуста, бо маҳлули спиртидори махсус безарар гардонида, ба суд ворид мегарданд.

Дар баробари ин, дар даромадгоҳи асосӣ аз ҷониби милитсияи навбатдор ва корманди навбатдор бо ҳароратсанҷи зикргардида ҳарорати муроҷиаткунандагон санҷида, онҳо танҳо ҳангоми доштани ниқоб (маска) барои даромадан ба суд иҷозат дода мешаванд.

Гузашта аз ин, миёни судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд оид ба риояи дурусти қоидаҳои беҳдоштӣ, тозагӣ, инчунин роҳу усулҳои ҳомояи фардӣ аз сирояти коронавирус, аз ҷумла манфиати истифодаи гиёҳу меваҳои табиӣ ва маводи ғизоии маҳаллӣ, алалхусус дуди ҳазориспанд, истеъмоли сир, пиёз, занҷабил ва ғайра корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамаҷониба ба роҳ мондашуда, дар ин замина саҳар ва бегоҳии ҳар рӯзи корӣ дар бинои суд аз дуди ҳазориспанд бурда мешавад, ки тибқи анъанаи ниёгон аз манфиатҳо холӣ нестанд.

Зимнан ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо фаҳмонида шуд, ки ҳангоми муошират дар ҷойҳои корӣ ва оила аз саломи дастӣ ва оғушгирӣ худдорӣ намуда, аз ҳар гуна таҳлукаю воҳима ва иғогариҳое, ки дар байни мардум ҷой доранд, пешгирӣ намуда, ҷораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус аз ҷониби суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сехи дӯзандагии “Мадина”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои духтани либосҳои махсус ба духтурони беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маблағи пулӣ ба андозаи 6000 (шаш ҳазор) сомонӣ кумак расонида шудааст.