Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомии халқ.

Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсӣ ворид шуд,  миллати тоҷик парешон аз кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихитиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳасос рост омад, яъне дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, ҷанги хонумосуз боиси куша ва бенишон гаштани зиёда аз 150 000 ва гуреза гаштани беш аз 1 000000 нафар гашта ба иқтисодиёти кишвар зарари бениҳояд калон расонд,  дар кишвар ба ҷои қонун бе қонунӣ ба ҷои низому тартибот бе назмиву бе сарусомонӣ ҳукмрон буд. Бо назардошти чунин вазъияти фоҷиабор ва ба хотири наҷоти давлату миллат як гурӯҳ вакилони мардуми ва намояндагони қувваҳои огоҳи ҷомеа, ки хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда гардидани миллатро дарк карда буданд масъалаи ҳарчи зудтар даъват кардани иҷлосияи навбатии Шӯрои Олиро ба миён гузоштанд. Воқеан дар он вазияти мураккаби хавнок ягона роҳи баровардани кишвар аз гирдоби ҷанги дохили дар пешгирии хунрези таҷилан даъват намудани иҷлосияи Шӯрои Олӣ буд. Зеро дар он айём Шӯрои Олӣ ягона мақомоти сиёсии бо салоҳият ва дорои ваколати конститутсионӣ ба ҳисоб мерафт. Бинобар он, ки дар шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти доир намудани иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ғайри имкон буд, ин иҷлосияи таърихӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки минтақаи нисбатан ороми кишвар ба ҳисоб мерафт, даъват гардид ва дар ҳамин ҷо аввалин иқдомоти доир ба барқарорсозии ҳокимяти конститутсионӣ бунёди пояҳои давлатдории миллӣ сулҳу субот ва ваҳдат оғоз шуданд. Муҳимтарин дастоварди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбари ва давлатдори ба марҳилаи навини таърихи овард.Дар ҳамин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд ва аввалин тадбири худро таъмини сулҳу оромӣ ва баргардонидани гурезаҳо эълон намуданд.Мардуми тоҷик он вақт дар интихоби Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон хато накарданд, зеро Ҷаноби Олӣ наҷоти давлат буданд, наҷоти тоҷикон буданд, наҷоти миллат буданд, ки мо оядаи инро дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дидем.Пешвои миллат дар шароити  бисёр мураккаби таърихи сиёсии Тоҷикистон ба ин мансаб интихоб гардиданд. Вазъияти Тоҷикистон бисёр мураккаб буд, ягон мақомоти салоҳиятнок аз уҳдаи салоҳиятҳои мансаби намебаромад, вазият ҳамон давра аз таҳти назорат рафта буд. Ягон мақомот қудрат надошт, ки вазиятро ба эътидол оварад. Дар ҳамон вазият Раиси навинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масулияти бузургро бар души худ гирифтанд.Чуноне, ки таърих собит сохт дар ҳақиқат Пешвои миллат ягона сиёсатмандор шахсияте буданд, ки бо дарки масулияти баланд ба ҳамин мансаб интихоб шуданд. Ва тавонистанд, ки минбад Тоҷикистонро ба масири сулҳ созандаги раҳнамои кунанд.Эмомали Раҳмон корро аз он оғоз намуданд ва ҳамеша такид мекарданд, ки агар лозим шавад бар ивази ҷони худ суҳу ваҳдатро ба Тоҷикистон боз мегардонам. Ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷи кишвар умр ба сар мебарад ман ором буда наметавонам.Дар натиҷа аз соли 1993-то 2000 –ум беш аз 1000000 нафар гуреза ба ҷои зисти худ оварда шуд.

Сулҳи Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Президенти мо, Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст.

Маҳз бо шарофати ҷонбозиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон раванди мусолиҳаи миллӣ шурӯъ гардид ва ба маҷрои худ ворид шуд. Сафарҳои Сарвари давлат ба минтақаҳои даргири кишвар ва мамолики ҳамсоя, ки ба саломат бозгаштани ӯ чандон эътимоду боварӣ набуд, мулоқотҳои пайваста бо оммаи васеи халқ, сӯҳбатҳои фардиву гурӯҳӣ бо шахсони алоҳидаи ҷомеа, бахусус тарафҳои даргирро ба сиёсати пешрафтаи ӯ торафт зиёд намуда, барои сари мизи музокирот нишастани тарафҳо мусоидат намуд.

Вале ин ҳанӯз ибтидои кори пурмашаққати Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Сарвари Олии давлат дар роҳи расидан ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ буд.

Маҳз бо талошу заҳматҳои шаборӯзии Пешвои миллат, мӯҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ҳангоми ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон то моҳи июни соли 1997 бо нерӯҳои мухолифин якчанд вохӯриву гуфтушунидҳои дохиливу хориҷӣ анҷом дода шуда, ниҳоят санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москави Федератсияи Руссия Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки дар даврони истиқлолият ба сӯи зиндагии орому осуда ва ваҳдати комил саҳифаи нави таърихиро боз намуд ва мардуми шарифи тоҷик дар зери парчами ваҳдати сартосарӣ ва якпорчагии давлат алъон пурнишот умр ба сар мебаранд.

Оре, воқеан ноил гаштан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои беназири даврони истиқлолият мебошад, ки туфайли хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.