Дар интихоботи дар пешистода фаъолона иштирок намоем.
Имрӯзҳо ҷомеаи мо арафаи ҷорабинии хеле муҳими сиёсӣ қарор дорад, ки он аз ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ маданияти баланди сиёсӣ, ҳисси ватандустӣ ва масъулиятшиносиро ба хотири ободии фардои мамлакат ва наслҳои оянда тақозо мекунад. Дар доираи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунанда 11 октябри соли 2020 дар кишвари азизи мо маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Интихобот барои кишварҳое, ки демократия ва озодандеширо ҳамчун роҳи тараққиёти давлат ва пешбурди ҷомеа пазируфтаанд, як оинаест, ки вазъияти мавҷударо таври воқеӣ инъикос менамояд. Ҳамзамон бо ин, интихобот ҳамчун падидаи муҳимтарини демократия руйдоди муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он рушти минбаъдаи кишварро муайян мекунад.
Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад. Зеро мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ зикр карданд, ки “Мо хуб медонем, ки нооромиву бесарусомониҳо, ба гуруҳҳои муқобил ҷудо шудани шаҳрвандони кишвар ва ихтилофоти шадид дар ҷомеа аз интихоботи президентии соли 1991 оғоз шуд ва оқибат боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид. Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулин аз он ҷумла, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дарпешистода дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё созанд. Таъкид намуданд, ки дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст ва сохтору мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои тибқи қонун ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд.
Мувофиқи талаботи қонунҳои амалкунанда ҳизбҳои сиёсӣ, ки масъул ва субъекти асосии пешгирӣ намудани номзадҳо мебошанд, вазифадоранд, ки фаъолияти худро танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳо амалӣ намоянд. Чунин иқдом намунаи сазовори дарки воқеияти зиндагии мардуми оддӣ, ҳисси баланди масъулияти давлатдорӣ, олиҳимматӣ, ғамхорӣ ва дастгирии оммаи мардум мебошад.
Президенти кишвар мардумро ба сарҷамъӣ давлат намуда изҳор карданд, ки “Ба шумо-шаҳрвандони азизи мамлакат муроҷиат мекунам, ки ҳангоми баргузории интихоботи навбатӣ бо дарки баланди масъулият намояндагони арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат интихоб намоед”. Ин суханон иқдоми ҳар яки моро бештар месозад, то дар интихоботи дар пешистода фаъолона иштирок намоем ва номзади арзандаро интихоб созем.
Судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Холиқзода Муҳаммадсафар Лоиқ