Ба имзо расидани якқатор қонунҳо

15-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Аз ин ба баъд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои дахолат кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупурдани маблағи истифодаи қувваи барқ ё бе пайвастшавӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст. Барои содир намудани ин ҷиноят ба маблағи калон ё махсусан калон, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ мегардад. Қонунҳои дигари баимзорасида бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ аз партовҳои нақлиёти автомобилии фарсуда, инчунин, такмили меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ қабул гардидаанд.
Қонунҳои батасвибрасида барои таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва некуаҳволии шаҳрвандон равона шудаанд.

Санаи нашр: 16.04.2025 №: 73

(хабари мазкур аз сомонаи https://jumhuriyat.tj/5595-ba-imzo-rasidani-jak-ator-onuno.html истифода шудааст)