Ҷаримаи маъмурӣ барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи олами ҳайвонот
Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 4 июли соли 2025 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати А.А.А. бо моддаи 208 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард, ки ҳуқуқвайронкунанда хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи олами ҳайвонот” амал намуда, санаи 23 майи соли 2025, соати 07:30 дақиқа аз ҷониби кормандони шуъбаи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян карда шудааст, ки номбурда ду сар паррандаҳои намуди саъваро дар минтақаи кўҳҳои Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғайриқонунӣ шикор кардааст.
Гунаҳгории ҳуқуқвайронкунанда дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии пешбиникардаи моддаи 208 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далелҳои парванда карда шуд.
Кирдори ҳуқуқвайронкунанда бо моддаи 208 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи олами ҳайвонот, банду баст карда шуд.
Вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо сабабҳои содиркунии ҳуқуқвайронкунӣ, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо ба инобат гирифта шуда, ҳуқуқвайронкунанда бо моддаи 208 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин қисми модда ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 300 (сесад) сомонӣ ба фоидаи давлат бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин карда шуд.