Ҷаримаи маъмурӣ барои хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар хусуси баргузории тўйи домодию арўсӣ

Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати шаҳрванд А.А.А. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард, ки шаҳрванд санаи 12 апрели соли 2025 дар тарабхонаи воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгирбуда барои гузаронидани маросими тўйи домодиву арўсии фарзандаш бе иҷозатномаи мақомоти дахлдор, яъне хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим гузаронидааст.

Гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда бо вуҷуди ба гуноҳаш пурра иқрор будани ў дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии мазкур бо маводи дар қабати парванда ҷойдошта, исботи пурраи худро ёфт.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросимро доир ба барпосозии тўйи домодию арўсӣ хабардор намоянд.

Бинобар ин, кирдори ҳуқуқвайронкунанда бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар хусуси баргузории тўйи домодию арўсӣ, банду баст карда шуд.

Моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷаримаи маъмуриро ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ намудааст.

Вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо сабабҳои содиркунии ҳуқуқвайронкунӣ, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо ба инобат гирифта шуда, ба ҳуқуқувайронкунанда ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба ҳафтсаду панҷоҳ сомонӣ таъин карда шуд.