Ҷаримаи маъмурӣ барои бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб мекунад

8 июли соли 2025 суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати А.А.А. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намуда, муайян кард, ки ҳуқуқвайронкунанда ба иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд машғул шуда, рўзи 22 июни соли 2025, тахминан соати 17:00 дақиқа, бо воситаи нақлиёташ дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бе иҷозатномаи дахлдор бо фаъолияти боркашонии кироя машғул шудааст.

Гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда бо вуҷуди ба гуноҳаш иҷрор будани ў, бо маводи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исбот гардид.

Кирдори ҳуқуқвайронкунанда бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб мекунад, банду баст карда шуд.

Суд лозим донист, ки нисбати ҳуқуқвайронкунанда ҷазои ҷаримаи маъмурӣ ба шахси соҳибкори инфиродӣ, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамояд пешбинӣ шудаааст, яъне нисбаташ ба андозаи шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4500 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷаримаи маъмурӣ, бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.