Ҷамъомад бо машваратчиёни халқӣ
Санаи 13 июли соли 2023 соати 14:00 дақиқа дар толори суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муовини якуми Раиси суд Ғайбулозода Ф.М., Муовини раиси суд Шамсзода С.А. ва Ёрдамии Раиси суд Мазбудзода М., бо иштироки машваратчиёни халқии Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъомад баргузор гардид. Мақсади гузаронидани ҷамъомад аз фаҳмонидани талаботи қонунгузорӣ, вазифаҳои асосии машваратчиёни халқӣ, кафолат ва имтиёзҳои машваратчиёни халқӣ, иштироки онҳо ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳое, ки дар рафти мурофиаи судӣ пайдо мешавад иборат буд.
Тибқи талаботи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Мувофиқи қисми 2 моддаи 2 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз ҷониби судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни ҳалқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани адолати судӣ ҷалб шудаанд, амалӣ карда мешавад. Ягон мақомот ё шахси дигар ҳуқуқи амалӣ намудани адолати судиро надоранд.
Яке аз шаклҳои иштироки омма дар барқарор кардани адолати судӣ, ин иштироки машваратчиёни халқӣ дар баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ мебошад.
Мувофиқи моддаи 20 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратчиёни халқӣ ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ аз тамоми ҳуқуқҳои судя истифода мебаранд. Ба ҳар як судя бист машваратчии халқӣ интихоб карда мешавад. Ҳолати ҳуқуқии машваратчиёни халқиро Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи машваратиёни халқӣ аз 28 июни соли 2002 таҳти №685 ба танзим медарорад.
Дар таҷриба бисёр ҳолатҳое, ҷой доранд, ки машваратчиёни халқӣ бо маводҳои парванда шинос нашуда дар мурофиаи судӣ иштирок мекунанд. Дар ин маврид онҳо одатан ҳамчун шахсони бетараф нисбат ба оқибати парванда боқӣ мемонанд. Аз тарафи дигар бо саволҳои бемавқеъ ва нолозим диққати иштирокчиёни мурофиаро аз масъалаҳои асосӣ дур мекунанд.
Дар мурофиаи судӣ машваратчиёни ҳалқӣ бояд ҳамчун аъзои фаъоли суд иштирок намоянд, ки машваратчиёни халқӣ дар мурофиаи судӣ дар пурсиши судшаванда, ҷабрдида, шоҳидон ва дигарон фаъолона иштирок намоянд.
Дар охири ҷамъомад ба саволҳои машваратчиёни халқии навинтихобгардида аз ҷониби муовинони раиси суд ҷавобҳои мушаххас дода шуд.