Аминам, ки интихобот дар фазои солим ва ором мегузарад.

Имсол барои мардуми кишвар соли хеле хотирмон хоҳад шуд. Зеро соли ҷорӣ мардум ду маротиба дар маъракаи интихобот иштирок мекунад. Моҳи марти соли 2020 мо вакилони худро ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия, вилоят ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ интихоб кардем. Акун санаи 11 октябри соли 2020 мо барои интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба участкаҳои интихоботӣ меравем ва ба номзади арзандаи худ овоз медиҳем. Мардуми шарафи Тоҷикистон имрӯз амиқ дарк кардаанд, ки мо роҳи рушти демократиро пеш гирифтаем ва интихобот дар ҳаёти ҷомеаи мо ҳамчун рукни муҳими низоми демократӣ пазируфта шудааст. Аз ин лиҳоз мо бояд ба интихобот ва баргузоршавии он ба мисли як падидаи маъмулии демократӣ муносибат намоем.
Интихобот маъракаест, ки дар он шаҳрвандон бояд фаъолона ва бо боварӣ ширкат варзанд. Албатта дар ин маъракаи сиёсӣ ҳизбҳои сиёсӣ номзадҳои худро пешниҳод менамоянд ва кӯшиш менамоянд, ки ғолибиятро ба даст оранд. Мавҷудияти оппозитсияи сиёсии қонунӣ ва ҳизбҳои сиёсии расмӣ, ки ба фаъолият машғуланд, барои дар фазои солим баргузор намудани интихобот нақши муҳим доранд. Ҳамчунин фаъолонокии шаҳрвандон ва боварӣ ба интихобот низ муҳим аст. Дар фазои солим ва ором баргузор гардидани интихобот барои давлат ва ҷомеаи Тоҷикистонӣ бисёр муҳим аст. Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи рушти устувор ворид гардидааст ва дар ин раванд суботи сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ хеле муҳим аст.
Дар даврони истиқлолияти мо тамоми чораҳоро андешидем, ки ҷомеаи кишварамон фарҳанги интихобот ва интихоби огоҳонаро зина ба зина аз худ намояд. Аз ин рӯ, бояд интихоботи навбатии президентӣ низ нишондиҳандаи фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ ва интихоби огоҳонаи мардуми Тоҷикистон гардад.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки интихоботи навбатӣ намунаи беҳтарини амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мегардад ва мардум роҳбари худро озодона, бо майлу иродаи хеш интихоб мекунад ва ин чорабинии муҳими сиёсӣ низ ба сарҷамъии миллат, таҳкими ваҳдати миллии мардуми кишвар ва болоравии обрӯи халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқололи Тоҷикистон дар арсаи байналилалӣ мусоидат менамояд. Халқи мо дар фазои истиқлолият ва демократия чандин маъракаи интихоботиро муваффақона гузаронид ва интихоботи навбатӣ ин дафъа низ ҳамчун як имтиҳони ҷиддии демократияи ҷавони Тоҷикистон ва чун нишонаи пешрафти давлат ва халқи мо шаффофу озодона хоҳад гузашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам барҳақ изҳор намудаанд, ки “Мо чун ҳамеша ҷонибдори ба таври шаффоф ва ошкор баргузор шудани маъракаи интихобот ҳастем ва ман ҳамчун ҳомии Конститутсия, қонунҳо ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат бо масъулияти баланд ва эътимоди комил кафолат медиҳам, ки интихоботи дарпешистода бо таври демократӣ ва озоду одилона баргузор хоҳад шуд”.
.