ИСТИҚЛОЛИЯТ — НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ!
Воқеан Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Тоҷикистон дар давоми 33 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Тоҷикистон соҳиби Истиқлолият гардид. Истиқлолияте, ки орзӯи ҳамешагии ҳар миллати озода аст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ комил нахоҳад буд. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустаќил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиќлолияти сиёсӣ, иќтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву се сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиќлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Дар воқеъ ҳам Тоҷикистон тавонист дар даврони соҳибистиқлолии худ бо роҳбари арзандаву сулҳпарвараш баҳри рушди кишвар чораҳои заруриро андешад. Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон аъзои чандин созмонҳои байналмилалӣ гардид. Равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро қариб бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, баҳри боз ҳам рушд намудани сиёсати хориҷӣ, иќтисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои мухталиф кишвар корҳои арзандае ба сомон расонида шуд.
Акнун замони он расидааст, ки мардум бо диди тоза ба оянда нигаранд, дидаи умед ба фардои беҳтар, фардое, ки сарнавишти худро бо дастони худ бисозанд ва вобастаи касе набошанд. Ин душманони аёну ноаён дар тули таърих ба ин сарзамин ва ба ин миллате, ки аз азал соҳиби воқеии ин марзу бум аст, нигоҳи бадхоҳона доштанд. Онҳо намехостанд, ки миллате ки номардиҳои таърихро таҳаммул карда ва бо орзуву умеди чандин ҳазорсолаи худ, ки тавонист давлати нав бунёд кунад дар ҷой қарор нишинанд. Бо ин мақсадҳои нопоку разилонаи худ нотавонбинон ва хоинони миллат давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба вартаи ҷанги нанговари шаҳрвандӣ такон диҳанд. Қариб буд давлате, ки нав дар харитаи сиёсии ҷаҳон намудор шуда буд, пора-пора намоянд. Ин ҳама ҳодисаву воќеаҳое, ки дар даврони нав истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистони азиз буд, ҳеҷгоҳ аз хотираҳо пок нахоҳад шуд. Аммо душманони кишвар натавонистанд ба ин мақсади нопоки худ расанд. Миллате, ки решаи бунёдии он аз умќи таърих манша мегирад фарзандонеро тавалид мекунад ки ҷонашро баҳри пойдории сулҳу субот ва оромии давлату миллат фидо мекунад. Ҳамин тавр моҳи ноябри соли 1992 дар Ќасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсияте пой ниҳод, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил — Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Дар сию се соли соҳибистиқлолию давлатдорӣ дар самти боло бурдани волоияти конун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, таъмини амният, бунёди иншооти таъиноти гуногун, роҳсозӣ, рушди иқтисоду фарҳангу маориф, таъсиси коргоҳҳо, эҳёи расму суннатҳои мардумӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, боло бурдани иқтисоди хонаводагӣ ва ғайра корҳои басо назаррас анҷом дода шуданд, ки дар робита ба ин борҳо изҳори назар шудаву мо дар ин навиштаи хеш такрори онро муносиб надонистем. Агар аз рӯйи инсоф қазоват кунем, аз даврони соҳибистиқлолии мо даҳ соли аввали он бо нооромӣ гузашт ва тамоми дастовардҳои беназир дар самтҳои мухталиф дар ҳамин бисту як соли охир муяссарамон гардидаанд ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳама ҷаҳду талош дар умури давлатдорӣ дар сурати поянда будани оромиву осоиштагӣ ва соҳибистқлолӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Бидуни муболиға, дар ин муддати кӯтоҳ, яъне сию се соли Истиқлолияти давлатӣ мо бузургтарин корҳоро анҷом додем. Ин аз хиради воло ва сиёсати дурусти пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Мо дар арафаи таҷлили бузургтарин ҷашни миллӣ, яъне 33-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Дар фароварди сухан ҳамватанони азизамро бо ин ҷашни фархунда сидқан табрик мегӯям ва умедворам, ки мо ҳамагон барои ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, волоияти қонун бо корбурд аз донишу маҳорату истеъдод ва мавқеи шаҳрвандии худ минбаъд низ ба миллату давлати хеш содиқона хизмат менамоем.
Бигзор Истиқлолияти миллӣ чун қуллаҳои сарбаланди кишвар устувору поянда бод.
Муовини Раиси Суди ноҳияи
Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Шамсзода С.А.