Роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Субҳи имрӯз ҳазорон сокинони касбу кори гуногун, алалхусус роҳбарият ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар якҷоягӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳпаймоӣ намуданд. Роҳбарият ва кормандони суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар даст парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ифтихор ва ҳисси баланди миллӣ роҳпаймоӣ карда, дар майдони Парчами давлатӣ сарҷамъ шуданд ва дар ҳамоиши идона иштирок намуданд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишони ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарфарозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷикистонро дар чилои рангҳои худ инъикос намудааст.