Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз 16 ноябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлиси тантанавӣ ба ин ҷашни миллӣ бо озод хондани Суруди Миллӣ оғоз карда шуд. Муовини Раиси суд Шамсзода С.А. дар хусуси ин санаи таърихӣ, нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузорӣ ва таҳкими давлатдории милливу эъмори давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфта, кормандони судро бо таҷлили ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуд. Сипас судяҳо Зиёзода М.Ҳ., Саидзода Ю.М., кормандони дастгоҳи суд Бурҳонов А.О. ва Далерзода М. дар маҷлиси тантанавӣ дар мавзӯъҳои мухталиф бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.