Сулҳу Ваҳдат ифтихори миллат аст!

Сулҳу Ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Ваҳдат ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ , ҳамдигарфаҳмӣ вак осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лафзи зебо садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид», ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Санаи 27-июни соли 1997- баъди 8 даври гуфтушунид (с.1994-1997) байни тоҷикон (ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифон), дар шаҳри Москва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари иттиҳодияи мухолифони тоҷик Саид Абдуллои нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гардид. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 майи соли 1992-27 июни соли 1997) зиёда аз 100 ҳазор одамон қурбон шуда, тахминан 1 млн гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ дидаанд. Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт. Хушбахтона пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати беҳтарини халқамон  ин ваҳдат ва ягонагист.

Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба халқи аз ҳаёт дилмондаю номедшуда ваъдаи  овардани сулҳ ва таъмин намудани суботи сартосариро додаанд. Таърих ҳамон вақт нишон дод, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  воқеан Асосугзори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои муаззами миллат ҳастанд. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои ҳалқамон,  ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.

Ваҳдат беҳтарин  неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замону аст. Худшиносӣ ва худогоҳии гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳми ва истиқлоли кишварро муҳофизати пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеъагиҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум ру ба беҳбудӣ мебарад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи тараққиёт ру меорад.

Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз аз рӯз мешукуфат, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ ба пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Прездиети кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ пойдор аст.                                                     Хулоса чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам, гӯям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

 

Раҳимзода Зарина Абдухолиқ

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси суд

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров