Пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдошиши сирояти нави коронавирус (COVID-19).
Ситоди дохилиидоравӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вобаста пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдошиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар як моҳ чор маротиба бо маҳлули хлордор гирду атроф ва дохили бинои суд, роҳравҳо ва утоқҳои кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, пурра безарар (дизинфексия) карда мешаванд. Дар баробари ин, миқдори зарурии маҳлули хлор, маводи дезинфексионӣ (антисептикҳо), маводи шӯянда ва спирти тиббӣ дар суд захира карда шудааст. Дар даромадгоҳи асосии суд латтаи бо маҳлули хлордор таркардашуда партофта шуда, он мунтазам иваз карда мешавад. Дар даромадгоҳи асосӣ дар ду адад зарфҳои калони обдор ва мунтазам ду адад собуни моеъ гузошта шуда, шаҳрвандон пеш аз ба бинои суд даромадан ҳатман бо истифода аз собунҳои моеъ дастонашонро шуста, бо маҳлули спиртидори махсус безарар гардонида, ба суд ворид мегарданд. Дар баробари ин, дар даромадгоҳи асосӣ аз ҷониби милитсияи навбатдор ва корманди навбатдор муроҷиаткунандагон танҳо ҳангоми доштани ниқоб (маска) барои даромадан ба суд иҷозат дода мешаванд.
Гузашта аз ин, миёни судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд оид ба риояи дурусти қоидаҳои беҳдоштӣ, тозагӣ, инчунин роҳу усулҳои ҳомояи фардӣ аз сирояти коронавирус, аз ҷумла манфиати истифодаи гиёҳу меваҳои табиӣ ва маводи ғизоии маҳаллӣ, алалхусус дуди ҳазориспанд ва ғайра корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамаҷониба ба роҳ мондашуда, дар ин замина саҳар ва бегоҳии ҳар рӯзи корӣ дар бинои суд аз дуди ҳазориспанд бурда мешавад, ки тибқи анъанаи ниёгон аз манфиатҳо холӣ нестанд. Зимнан ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо фаҳмонида шуд, ки ҳангоми муошират дар ҷойҳои корӣ ва оила аз саломи дастӣ ва оғушгирӣ худдорӣ намуда, аз ҳар гуна таҳлукаю воҳима ва иғвогариҳое, ки дар байни мардум ҷой доранд, пешгирӣ намуда, ҷораҳои зарурӣ андешанд.