Ситоди дохилиидоравӣ суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вобаста ба пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавирус, миқдори зарурии маҳлули хлор, маводи дезинфексионӣ (антисептикҳо), маводи шӯянда ва спирти тиббӣ дар суд захира карда, дар бинои навбатдоории даромадгоҳи суд ҳароратсанҷӣ навъи “Деко” гузошта шудааст. Дар даромадгоҳи асосии суд латтаи бо маҳлули хлордор таркардашуда партофта шуда, он мунтазам иваз карда мешавад. Дар даромадгоҳи асосӣ дар ду адад зарфҳои калони обдор ва мунтазам ду адад собуни моеъ гузошта шуда, шаҳрвандон пеш аз ба бинои суд даромадан ҳатман бо истифода аз собунҳои моеъ дастонашонро шуста, бо маҳлули спиртидори махсус безарар гардонида, ба суд ворид мегарданд. Дар баробари ин, дар даромадгоҳи асосӣ аз ҷониби милитсияи навбатдор ва корманди навбатдор бо ҳароратсанҷи зикргардида ҳарорати муроҷиаткунандагон санҷида, онҳо танҳо ҳангоми доштани ниқоб (маска) барои даромадан ба суд иҷозат дода мешаванд.
Санаи 01 майи соли 2020 аз ҷониби Шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маҳлули хлордор гирду атроф ва дохили бинои суд, роҳравҳо ва утоқҳои кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар маҷмуъ масоҳати 2000м2 пурра безарар (дизинфексия) карда шуд.
Гузашта аз ин, миёни судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд оид ба риояи дурусти қоидаҳои беҳдоштӣ, тозагӣ, инчунин роҳу усулҳои ҳомояи фардӣ аз сирояти коронавирус, аз ҷумла манфиати истифодаи гиёҳу меваҳои табиӣ ва маводи ғизоии маҳаллӣ, алалхусус дуди ҳазориспанд, истеъмоли сир, пиёз, занҷабил ва ғайра корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамаҷониба ба роҳ мондашуда, дар ин замина саҳар ва бегоҳии ҳар рӯзи корӣ дар бинои суд аз дуди ҳазориспанд бурда мешавад, ки тибқи анъанаи ниёгон аз манфиатҳо холӣ нестанд.
Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шуданд, ки маваққатан аз баргузор намудани тӯю маъракаҳо худдорӣ намуда, минбаъд ба зиёдравӣ роҳ надода, дар ҳолати зарурият чорабиниҳои оилавиро бо риояи талаботи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро гузаронанд.