Баромади Раиси Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров М.Бурҳониён дар машғулияти семенарӣ бо судяҳои суди вилоят, суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

 

Мавзўи баромад: «Муқаррароти қонун ва таҷрибаи судӣ оид ба ҷазои ҷарима иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки барои содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ таъин шудаанд, аз ҷумла барои маҷмўи ҷиноятҳо»

Бояд қайд кард, ки таҷрибаи таъини ҷазо барои як қатор  ҷиноятҳо, ки номгўяшон дар қисмҳои 6 ва 7 моддаи 49 КҶ ҶТ дарҷ гардидааст, баъди соҳибистиқлолӣ солҳои дароз ҷиҳати татбиқи он мавриди муҳокима қарор дошт, ки вобаста ба барқарор кардани зарари моддӣ аз ҷониби гунаҳгор то баровардани ҳукми суд ва баъди баровардани  ҳукми суд бояд ҷазои ғайриҳабсӣ таъин карда шуданашон на танҳо ба манфиатаҳои  иқтисодии кишвар мувофиқ аст, балки ба принсипҳои қонуният, адолат ва инсондўстии ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷавобгў аст.

Аз  ин рў, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 июли соли 2010, №617 аз ҷумла ба моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои 6,7,8,9, ва 10 илова карда шудааст. Ҳарчанд минбаъд ба ин қисмҳо боз тағйиру иловаҳо аз 25.03.2011 № 694, аз 14.11.2016 № 1359, аз 24.02.2017 № 137 ва аз 2.01.2018 № 1472 тағйиротҳои ҷузъӣ аз қабили ворид намудан ё хориҷ намудани моддаи алоҳидае сурат гирифта бошанд ҳам, аммо ин тағйиру иловаҳои қаблӣ, ки зикрашон кардем,  то ҳол мавриди амал қарор доранд.

Тибқи қисми 6 моддаи 49 дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷиноятҳои содирнамудаи моддаҳои 177,178, 245 (ба истиснои банди «а» қисми 4), 246 (ба истиснои банди «а» қисми 3), 247 (ба истиснои банди «в» қисми 3 ва банди «а» қисми 4), 251, 253, 255 (ба истиснои бандҳои «а» ва «б» қисми 2), 256 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошад), 257 (ба истиснои банди «г» қисми 2 ва банди «б» қисми 3), 258, 259, 259(1), 260, 263, 264, 265, 266, 268, 270, 271, 273 (ба истиснои бандҳои «а» ва «б» қисми 3), 274, 276, 277, 278, 285, 286, 287, 289 қисмҳои 1 ва 2, 295, 340(1) ва 388 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси мазкур пешбинишуда, агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ў ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои номбаршуда пешбинигардида таъин карда мешавад.

Тибқи қисми 7 моддаи 49 дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 314 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 315, 316 (ба истиснои бандҳои «а» ва «б» қисми 3 ва ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 318, 322 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 323, 340 қисмҳои 1 ва 2 ва 391 қисми 1 ҳамин Кодекс пешбинигардида, агар онҳо дар алоқамандӣ бо ҷиноятҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи мазкур содир шуда бошанд, ҷазо бо тартиби муайяннамудаи қисми 6 ҳамин модда таъин карда мешавад.

Бояд ба назари эътибор гирифт, ки дар қисми 7 қонунгузор чунин тартиберо пешбинӣ кардааст, ки ҷиноятҳои дар ин қисми модда нишондодашуда агар маҳз дар алоқамандӣ бо ҷиноятҳои дар қисми 6 ҳамин модда пешбинишуда содир шуда бошанд ва танҳо дар чунин ҳолат тартиботи муқаррарнамудаи қисми 6 моддаи 49 татбиқ карда мешавад.

Баъдан қонунгузор вобаста ба барқарор карда шудани зарари моддӣ мавридҳои таъини ҷазои ҷаримаро пешбинӣ кардааст: 1) агар аз тарафи судшаванда то баровардани ҳукм зарари моддӣ пурра барқарор шуда бошад – ҳангоми баровардани ҳукм; 2) агар аз тарафи маҳкумшуда баъди баровардани ҳукм зарари моддӣ пурра барқарор карда шавад, баъди баровардани  ҳукм.

Аз ин рў, ҳарчанд дар мавриди то баровардани ҳукм аз тарафи судшаванда пурра талофӣ кардани зарари моддӣ ва бо дарназардошти ин ҳолат таъин карда шудани ҷазо баҳс ҷой надошта бошад ҳам,  аммо қонунгузор намудҳои ҷазоҳои таъиншаванда: ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои дар ин қисм номбаршударо муқаррар кардааст.

Тибқи қисми 8 моддаи мазкур дар мавриди пас аз баровардани ҳукми суд пурра талофӣ намудани зарари моддӣ аз тарафи маҳкумшуда барои содир намудани ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи мазкур ҷазои таъингардидаи маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст ё суди маҳалли иҷрои ҷазо ё суди болоӣ ба ҷазои ҷарима иваз карда мешавад.

Вобаста ба ҳолати якуми қайдшуда, яъне агар аз тарафи судшаванда то баровардани ҳукм зарари моддӣ пурра барқарор шуда бошад, таъини ҷазои ниҳоиро аз тарафи раисикунандаи парванда пешбинӣ карда бошад, дар ҳолати дуюм, яъне баъди баровардани ҳукм пурра талофӣ шудани зарари моддӣ ҷазо аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст ё суди маҳалли иҷрои ҷазо ё суди болоӣ иваз карда мешавад.

Дар мавриди баъди баровардани ҳукм аз тарафи маҳкумшуда пурра талофӣ намудани зарари моддӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 пешбинишуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ танҳо ба ҷазои ҷарима иваз карда мешавад. Яъне, қонунгузор агар дар ҳолати якум намудҳои гуногуни ҷазо ва тартиби таъини онро пешбинӣ карда бошад, дар мавриди дуюм бо чунин ҳолат ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ танҳо ба ҷазои ҷарима иваз карда мешавад.

Ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки тибқи талаботи қисми 7 моддаи 49 қонунгузор маҳз чунин тартибро пешбинӣ кардааст, ки ҷиноятҳои дар ин қисм, яъне қисми 7 пешбинигардида, агар дар алоқамандӣ бо ҷиноятҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи мазкур содир шуда бошанд, танҳо дар ин сурат ҷазо бо тартиби муайяннамудаи қисми 6 ҳамин модда таъин карда мешавад.

Тибқи талаботи қисми 9 моддаи 49 ҳангоми иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима, андозаи ин намуди ҷазо набояд аз ҳадди поёнӣ ва болоии муқаррарнамудаи моддаҳои дахлдори қисми махсуси ҳамин Кодекс бо назардошти қисми адокардаи ҷазо кам ва ё зиёд бошад. Яъне, зимни иваз намудани ҷазо бо чунин тартиб ҷазои ҷаримаи ивазмешуда бояд андозаи ҳадди поёнӣ ва болоии  муқаррарнамудаи моддаҳои дахлдор кам ва ё зиёд набошад ва ҳатман мўҳлати адокардаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба назари эътибор гирифта шавад.

Тибқи талаботи қисми 10 моддаи 49  Дар ҳолати иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима як шабонарўзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба истиснои ҷиноятҳои дар қисми 11 (моддаҳои 319-321) ҳамин модда пешбинишуда, баробар аст.

Тибқи талаботи қисми 3 моддаи 67 КҶ ҶТ агар яке аз ҷиноятҳои дар маҷмўъ содиршуда ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин бошад, он гоҳ ҷазои ниҳоӣ бо роҳи қисман ё пурра зам кардани ҷазоҳои таъиншуда таъин карда мешавад. Дар ин ҳолат ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ набояд аз сӣ сол зиёдтар бошад. Ҷазои ниҳоии ҷарима аз рўи маҷмўи ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинишуда набояд аз 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Агар яке аз ҷиноятҳои дар маҷмўъ содиршуда ҷинояти дигар бошад, ҷазои ниҳоӣ аз рўи қоидаҳои умумӣ муайян карда мешавад.

Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 68 КҶ ҶТ ҷазои ниҳоӣ аз рўи маҷмўи ҳукмҳо, дар ҳолате, ки агар он бо маҳрум сохтан аз озодӣ вобаста набошад, аз мўҳлат ва андозаи баландтарине, ки дар қисми умумии ҳамин Кодекс барои ин намудҳои ҷазо муқаррар гардидааст, зиёд буда наметавонад. Ҷазои ниҳоии ҷарима аз рўи маҷмўи ҳукмҳо барои ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинишуда набояд аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Агар яке аз ҷиноятҳои ба маҷмўи ҳукмҳо дохилбуда ҷинояти дигар бошад, ҷазои ниҳоӣ аз рўи қоидаҳои умумӣ муайян карда мешавад.

Тибқи талаботи қисми 3 моддаи 70 КҶ ҶТ ҳангоми таъин намудани ҷазо ба маҳкумшудаи то мурофиаи судӣ дар ҳабс нигоҳдошташуда дар намуди ҷарима, маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян, агар онҳо ба сифати ҷазои асосӣ таъин шуда бошанд, суд бо дарназардошти мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани ў, ҷазоро сабуктар мекунад ё аз адои он пурра озод менамояд. Дар ин маврид ҳангоми таъин намудани ҷазои ҷарима барои ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур, тартиби муайяннамудаи қисми 10 моддаи 49 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).

Ҳамзамон, тибқи қарори Пленуми Суди Олии ҶТ аз 30.06.с.2011, №1 «Дар бораи пешбурд оид ба баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба иҷрои ҳукм (бо тағйиру иловаҳо аз 23.11.с.2012, №31)»  судҳо бояд ба инобат гиранд, ки ҳангоми иваз намудани ҷазоҳои ҷарима ва корҳои ислоҳӣ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ низоми адои ҷазо  набояд дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шавад. Зеро дар ин маврид ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазои нав таъингардида ба ҳисоб намеравад ва низоми адои ҷазо бояд дар колонияҳои ислоҳии  дорои низоми умумӣ муқаррар карда шавад.

 

(Таҷрибаи Россия – баъди ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз шудани ҷазои ҷарима, моддаи 71 татбиқ карда намешавад.)

 

Агар баъди баровардани ҳукми суд зарари моддӣ, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 пешбинӣ шудааст,  аз тарафи маҳкумшуда пурра талофӣ ё худ барқарор шуда бошад, ҷазои таъингардидаи маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст ё суди маҳалли иҷрои ҷазо ё суди болоӣ ба ҷазои ҷарима иваз карда мешавад.