Рӯзи 06 марти соли 2020 дар толори бинои суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки собиқадорони ҳокимияти судӣ собиқ судяҳо Кенҷаева М., Очилзода М. ва собиқ корманди дастгоҳи суд Нурматова Қ. баргузор карда шуд.
Қабл аз ҳама роҳбарияти суд собиқадорони ҳокмияти судӣ Кенҷаева М., Очилзода М. ва Нурматова Қ. ва бонувони суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният намуда, онҳоро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо туҳфаҳои шоиста қадрдонӣ намуданд.